Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Доғи ғуломӣ аз рухи инсон чӣ сон равад,

Доғи ғуломӣ аз рухи инсон чӣ сон равад, Гар Аҳмад асту рутбааш бар ломакон равад? Аз меҳри кӣ ба мазраъи дил оташ уфтод, Ҳар шаб шарори хирманаш то Каҳкашон равад. Аз шохсори ҳар раги гул найшакар дамад, З-он ғунча гар ҳикояте дар бӯстон равад. Эй хоки остони ту куҳли ҷавоҳир аст, Кошам ба дида заррае з-он остон равад. Нанг аз миёна гум шудаву расму дод рафт, Меҳре ба рӯз меравад, тарсам ҳам он равад. Номам чунон зи хотири аҳбоб рафтааст, Ҳарфам ба гӯши ҳар яке бо тарҷумон равад. Соқӣ, аҷал, ки шарбати ӯро илоҷ нест, К-он навбатест бар лаби пиру ҷавон равад. З-ин куҳнабоғ ғунчаи авроқи фасли гул, То во кунад, ба панҷаи турки хазон равад. Ҳоҷӣ ба тавфи кӯйи ту аҳром баст, лек Он даргаҳест метавон ин нотавон равад.