Агар бар гарданат дастам расо мешуд, чиҳо мешуд?
Агар бар гарданат дастам расо мешуд, чиҳо мешуд?
Гиребонат бари оғӯш во мешуд, чиҳо мешуд?
Ҳама шаб суҳбати ағёр дидӣ, як даме бо мо
Агар будӣ, дили мо ҳам ризо мешуд, чиҳо мешуд?
Ба як дидан матои сабр кардӣ ҷумла тороҷам,
Ниқобат гар зи рух якбора во мешуд, чиҳо мешуд?
Шаҳиди дашти умедам, надорам ҳеч, то донӣ,
Агар ин куштаро ҳам хунбаҳо мешуд, чиҳо мешуд?
Бари як бӯса аз кунҷи лабат сад ваъда фармудӣ,
Агар ин қарз бо зудӣ адо мешуд, чиҳо мешуд?
Ғубори доманат аз чашми мо парҳез мегирад,
Саводи мардумакро рӯшно мешуд, чиҳо мешуд?
Ба ҷои сабза аз хоки мазорам лола берун шуд,
Чароғоне агар он лолаҳо мешуд, чиҳо мешуд?
Ғуборат як нафас, Ҳоҷӣ, надорад сурфаи ором,
Агар саъят чунин баҳри сафо мешуд, чиҳо мешуд?.