Ба оламе, ки дар ӯ офтоб мебофанд,
Ба оламе, ки дар ӯ офтоб мебофанд,
Қумоши нур чу зулмат ҳиҷоб мебофанд.
Дар ин баҳор, ки турки хазон камингир аст,
Зи ҷайби ғунча даридан ниқоб мебофанд.
Бинои умр чу бумест пой ба дӯши сабо,
Матои ҳастии мо дар шитоб мебофанд.
Тавон чи сохт ба ҷуз печутоби симобе,
Ба даккае, ки ҳама изтироб мебофанд.
Ба тори сусти амал аз нафасдарозиҳо,
Чу кирми пилла ба худ аз луоб мебофанд.
Ба водие, ки нафас доғи норасоиҳост,
Зи ваҳми ташналабиҳо сароб мебофанд.
Чу мумкин аст ниҳон айби мо шавад, Ҳоҷӣ,
Чу шишаи кисвати мо беҳиҷоб мебофанд.