То зи тоби оразат бар пушти лаб табхола шуд,
То зи тоби оразат бар пушти лаб табхола шуд,
Маҳ зи бими об гаштан дар муҳити ҳола шуд.
Дил ба рағбат кай дар он зулфи мусалсал бастаам,
Ғамзаи мардумфиребат дар миён даллола шуд.
Шоҳи ҳуснат ҷилвае бар ҳиндувони дида кард,
Лашкари ашкам ба Рум аз водии Бангола шуд.
Кай ҷавонон нақди дилро дар кафат бинҳодаанд,
Маҳви рафтори ту чандин пири сад-садсола шуд.
Доғи дил дар ин баҳорам сурхрӯ мепарварад,
Вазъи мо ҳам санъате дорад, ки гӯё лола шуд.
Баски ҳасратҳо ба хоки номуродӣ бурдаам,
Бар мазорам зарраҳо яксар забони нола шуд.
Ҳуснро зевар физо, мо ошиқони куштаем,
Хуни мо бар гарданаш марҷону ашк катмола шуд.
Он қадар афсурдаам, Ҳоҷӣ, ки чун барги ҳино
Ашкро бедод бар рӯям фузун аз жола шуд.