Сад ҷаҳон шӯридагӣ андар сари мо рехтанд,
Сад ҷаҳон шӯридагӣ андар сари мо рехтанд,
То аз он кокул нишон бар лавҳи дебо рехтанд.
Фитнаҳо барпову ошӯби қиёмат растахез
Аз нигоҳи шӯрангези ту ҳар ҷо рехтанд.
Рафтӣ, эй бераҳм, чун Яъқуб чашмам дар раҳ аст,
З-интизорӣ дар саводаш ранги байзо рехтанд.
Қоматат дар бӯстон худро ба хубӣ рост кард,
Сарвро хори ҳасад чун мӯ дар аъзо рехтанд.
Лофи ширинӣ ба олам з-он набот овардааст,
Дар хироҷаш з-он лаби нӯшин таманно рехтанд.
Як нигоҳи чашми мастат дар чаман афтодааст,
К-аз тараб гулро чу соғар ғунча мино рехтанд.
Ҷон ба умеди нисори мақдамат дорам ба каф,
З-ин хаёли пуч дар мағзам чи савдо рехтанд.
Аз ҳуҷуми ашк чун гирдоб бошад кулбаам,
Гӯиё дар дидаам амвоҷи дарё рехтанд.
Ҳоҷӣ, бошад боғи дунё бе ҷамоли дилбарон
Гӯшаи танге, ки дар вай ранҷи уқбо рехтанд.