Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Навид, эй дил, ки баҳри пурсишат он шаҳсавор омад,

Навид, эй дил, ки баҳри пурсишат он шаҳсавор омад, Ба пояш ҷонфишонӣ кун, ки ҳангоми нисор омад. Аз он рухсори оташнок мебояд ҳазар кардан, Барои бастани дилҳо камандаш тобдор омад. Рухаш гул, зулф сунбул, ғунча лаб, наргис ду бодомаш, Аз он рӯ оташи ҳасрат ба ҷони сад баҳор омад. Чи мумкин бо умеди зиндагӣ дар пеши ӯ будан, Ки туркони сияҳмасташ ба қатлам найзадор омад. Аз он пойи ҳиноин он қадар маълум мегардад, Ки ҳар ҷое қадам зад, бар шаҳиди интизор омад. Надорад гар баҳорон доғи он гулгунқабо дар дил, Чарояш эътибор аз лолаҳои доғдор омад? Нахоҳад фитна то рӯзи қиёмат аз ҷаҳон рафтан, Рухаш аз зулфи мушкин кавкаби дунболадор омад. На ман, Ҳоҷӣ, ба дом афтодаи он ҳар ду бодомам, Ба ҳар як тори мӯяш бастае чун ман ҳазор омад.