Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Зи шӯхӣ қомати он турки беодоб меларзад,

Зи шӯхӣ қомати он турки беодоб меларзад, Дили ваҳшаткашам чун лӯлаи симоб меларзад. Муқобил гар шавад ҳар кас бар абрӯи ғазабнокаш, Агар Рустам бувад, чун ханҷари Суҳроб меларзад. Нагардад ҳалқа чун мори сияҳ гесу ба рӯи ӯ, Ки мӯ дар оташ афтад, бо ҳазорон тоб меларзад. Муаззин, гар қиёмаш дида, қад қомат бароғозад, Сари зоҳид зи шавқи саҷда дар меҳроб меларзад. Надонад ҳеч кас таъбири хоби ғафлати моро, Ки фаҳми хобдонон з-ин парешонхоб меларзад. Хаёли каҷравӣ дар истиқомат рахна андозад, Дили дарё зи бими печиши гирдоб меларзад. Дили софӣ ғубори андакеро саҳл нашморад, Дар абри камтар аксар пайкари маҳтоб меларзад. Карамро дастгоҳ аз муфлисӣ нуқсонпазир уфтад, Зи оби кам таровиш бар сари мизоб меларзад. Зи хубси тинати тардоманони ҳамнишин, Ҳоҷӣ, Дар оғӯши ҳаво дуди сияҳ бетоб меларзад.