Ҷастани мо бе фитодан нест чун рақси сипанд,
Ҷастани мо бе фитодан нест чун рақси сипанд,
Оҷизонро ғайр аз ин рафтор бошад нописанд.
Қасри ҳастӣ з-омаду рафти нафас барбод шуд.
Ҷунбиши ин бод шуд бар қалъаи аъзо каланд.
Аз тапишҳои дили афсурдаам тори нафас
Мекашад чун риштаи най нолаи пасту баланд.
Ранҷи кӯшишҳои вофир баҳри таҳсили камол,
То набошад файзи истеъдод, набвад баҳраманд.
Аз барои сайди табъам, эй фалак, заҳмат макаш,
Ҳамчу анқо ин шикоре нест, то афтад ба банд.
Он кафи нозук надорад ҳоҷати ранги ҳино,
Гар зарур афтад ҳинобандӣ, ба рӯйи баҳла банд.
Хотири моро чу чинӣ бори як мӯ бишканад,
Дар шикасти шиша набвад ҳоҷати боми баланд.
Аз ҳуҷуми рафтагонам хоби роҳат шуд ҳаром,
Бар сари раҳ хуфтаро овози по дорад газанд.
Чун камон бори тавозуъ мекашад дӯши малол,
Худ магар аз зулфи пуртобат ба сар дорад каманд.
Ҳамчу ашк охир ба хоки бекасӣ афтодаем,
Ҳоҷӣ, моро аз назар андохт табъи арҷманд.