Хаёли оразат ҳар гаҳ ба миръоти замир афтад,
Хаёли оразат ҳар гаҳ ба миръоти замир афтад,
Зи акси дилбарони боғи Ризвон дилпазир афтад.
Маёло ҳарфи ширин бо паёми талху дашномам,
Ситам бошад маю афюн, ба як мино хамир афтад.
На дар шомам навиде, дар сабоҳам нест умеде,
Ки дар чашми сафедам гарди роҳе аз башир афтад.
Нагардад субҳи пирӣ пардаи рӯзи сиёҳи кас,
Физояд тирагӣ мӯро агар дар ҷоми шир афтад.
Кавокибро бувад то дида равшан, даври роҳат нест,
Зи захми чашми афъӣ заҳри меҳнат ногузир афтад.
Нахонда тифли мо пасту баланди мактаби ҳастӣ,
Агар ин рамз бишкофам, Фалотунам ҳақир афтад.
Маро гарданбаландӣ дар ҷаҳон сурат намебандад,
Нахезад бар ҳаво гарде, ки дар зери ҳасир афтад.
Нагардад кӯҳи гардун садди роҳи ҳарзагарди ман,
Магар ҳангоми пирӣ қомати хам роҳгир афтад.
Фиреби дида шуд, Ҳоҷӣ, ҷамолаш дар баҳори хат,
Чу ояд дар саводи шаб маҳи тобон, мунир афтад.