Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Хонасияҳ мардуми ҷоду-т кард,

Хонасияҳ мардуми ҷоду-т кард, Рӯзи маро шаб чу шаби мӯ-т кард. Шуҳрату овозаи мардафканӣ Захми хаданги хами абрӯ-т кард. Он чи ба мо рӯ-т бикард аз ҳазан, Кулфати зиндон на ба Ҳорут кард. Рӯйи ту бар оламе омад баҳор, Бар рухи ман дамдамаи ҳут кард. Шӯри ҷунун аз лаби мардум баланд Силсилаи ҳалқаи гесу-т кард. Косаи ғам зери сипеҳри кабуд Ҳукми қазо қисмати носут кард. Лоласифат доғ бувад кӯҳсор, Барқи шарар бар дили ёқут кард. Ҳоҷӣ, чи созам ба ҷаҳон дилхушӣ, Ҳамнафасон бастаи тобут кард.