Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ба ҳар ҷо кулфату ғам офариданд,

Ба ҳар ҷо кулфату ғам офариданд, Насиби ҷони одам офариданд. Баҳор аз хоки мо файзе бибардор, Ки ин турбат мукаррам офариданд. Гули ин гулситон ранге надорад, Хазон аст он ки хуррам офариданд. Набошад беҳтар андар мулки имкон Аз ин ҳайкал, ки одам офариданд. Адамро бо вуҷуди эътиборе Чу нуру соя ҳамдам офариданд. Бувад ҳар ранҷро роҳат талофӣ, Ба доғи лола шабнам офариданд. Магӯ дар пеши мо аз боғи ризвон Аз он ҷоям ба олам офариданд. Чи фахрӣ бо матои дуни дунё, Ки ӯро аз бадӣ кам офариданд. Зи шавқи саҷдааш, Ҳоҷӣ, зи ҳоҷиб, Ҷабинамро муқаддам офариданд.