То бинои гунбади имкон ҳувайдо кардаанд,
То бинои гунбади имкон ҳувайдо кардаанд,
Ҷинси кулфат ҷамъ оварданду дунё кардаанд.
Фарқсозон ҷумла аз асли ҳақиқат ғофиланд,
В-арна Амру Зайдро дар хулқ ҳамто кардаанд.
Дар бисоти даҳр ҳар ҷо ҳарфе аз ғам бигзарад,
Бар дили афсурдаи мо ҷумла имло кардаанд.
Сурати мавҳуми мо андар адам афтода буд
Дар раҳи ҷавлони кӣ ин гард пайдо кардаанд?
Иктисоби файзи мо сабқи амал вобаста нест,
Меҳру маҳро аз чӣ рӯ хотир мусаффо кардаанд?
Поси номуси адаб медор дар гулзори ҳусн,
З-ин адо ин боғро муфти тамошо кардаанд.
Фазлро натвон нуҳуфтан, ҳар куҷо гирад камол,
Сояро кай бар сари хуршед барпо кардаанд.
Ин ҳама ташвишу кулфатҳои даврон бас набуд,
Дил парешон бозам аз ахбори уқбо кардаанд.
Мешавад ошиқ зи кори ишқи коҳил бениёз,
Қайсро охир халос аз фикри Лайло кардаанд.
Ҳоҷӣ, мурғи хотири моро халосӣ мушкил аст,
Чун гирифтораш ба доми зулфи савдо кардаанд.