Ба ҷаҳон чи бастаӣ дил, магар ин фано надорад?
Ба ҷаҳон чи бастаӣ дил, магар ин фано надорад?
Ҳама гулшани сипеҳр аст, гуле аз вафо надорад.
Ба фусуни саркашиҳо ҳаваси баланд то чанд,
Ки ба ғайри бӯрёе раҳе бар само надорад.
Ғами дил ба ҳазрати ту ба чӣ имтиҳон нависам,
Ки қалам зи ҳайрати ман хати бехато надорад.
Ба фиреби нотавонӣ зи аду мабош эмин,
Чу камон хамида гардад, зи касе ибо надорад.
Чу замона аст дунё ба ҳазор фитна барпо,
Ки ба ғайри ному расме дигар ошно надорад.
Ба ҳавастарозӣ, эй дил, зи сару кулоҳ бигзар,
Чу най устухони хушкат хабари ҳумо надорад.
Набувад, зи тиратабъон асари карам намояд,
Ки ҷабини санг коҳе арақи ҳаё надорад.
Мани Ҳоҷӣ рӯз то шаб ба давоми давлати ту
Бахудо кунам дуое, ки шаку риё надорад.