То чашми тарам бар рухи зебо-ш назар кард,
То чашми тарам бар рухи зебо-ш назар кард,
Аз оташи дил шуъла ба фонуси қамар кард.
Девона шавад, бар сари иқбол наёяд,
Дар кӯйи ту ҳар кас, ки ба як бор гузар кард.
Ойина, ба тимсоли ту чун гашт муқобил,
Зад таъна ба хуршеду сиёсат ба қамар кард.
Аз модари гардун ба чи сон меҳр биёяд,
Аз гӯшаи дил меҳр ба ҳар рӯз бадар кард
Бо кӯҳ чи бигзашт, ки бо он ҳама тамкин
Дар азми сафар домани хунин ба камар кард.
Аз рӯйи ту, Ҳоҷӣ, хабаре ёфт чу булбул,
Шабҳо ба наво дар сари кӯйи ту саҳар кард.