Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Агар он турк майли мо надорад,

Агар он турк майли мо надорад, Хатоӣ бар хато парво надорад. Чу Маҷнун то саҳар дар кӯи ӯям, Назар бар ҳолам он Лайло надорад. Ба ҷуз савдои ишқаш дар сари мо Хаёли дигаре савдо надорад. Ҷамолашро аҷаб нек офариданд, Ба хубӣ гӯиё ҳамто надорад. Ба пеши ҳиндуи мардумфиребаш Назокат наргиси шаҳло надорад. Чи бо ҷавру ҷафо майлофарин аст, Шиносоӣ ба ҷуз инҳо надорад. Чунон мастӣ, ки дорад чашми масташ, Саре дар хилвати мино надорад. Дили мо он қадар зардоби хун шуд, Чу ӯ озурдае дунё надорад. Шунидам ишқ бошад аз ду ҷониб, Чаро ӯ ғамхурӣ бар мо надорад? Аҷамро шоирони базлагӯянд, Чу Ҳассони араб асло надорад. Чу шабнам Ҳоҷӣ пеши офтобаш Ба ҷуз кӯи адам маъво надорад.