Бедилӣ чун накунам, рӯҳ малоле дорад,
Бедилӣ чун накунам, рӯҳ малоле дорад,
Мояи сабр каму шавқи камоле дорад.
Дил дар он турраи шабранг аз он гашт асир,
Ки дар он дом сияҳдонаи холе дорад.
Ҷуз ба тамкин набувад сояи иқбол баланд,
Офтоб аз сафари хеш заволе дорад.
Шишаи ҳастӣ дар ин бодия бас бишкастанд,
Домани дашт аз ин кӯза сафоле дорад.
Ҷуръатовоза пур аз ҷинси хасисон бошад,
Шуҳрати шер аз он аст, шағоле дорад.
Осмонро чи бувад бо ҳамагӣ умри дароз,
Ба лаб ангушти таҳайюр зи ҳилоле дорад.
Ҳоҷӣ, дорам ҳама рӯ дар паси зонуи хаёл,
Бас дар ин шишаи савдо чи мисоле дорад.