Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дар он даме, ки рухат бе ҳиҷоб ханда занад,

Дар он даме, ки рухат бе ҳиҷоб ханда занад, Зи шавқи хандаи ту офтоб ханда занад. Пиёла соқӣ ба каф гирад аз хаёли лабат, Суроҳӣ қаҳқаҳа созад, шароб ханда занад. Ба азми сайру тамошо савора гар ойӣ, Зи шавқи бӯсаи наълат рикоб ханда занад. Ҷафову ҷаври ту донад вафову сабри маро, Фалак бигиряду гаҳ беҳисоб ханда занад. Ба маҳфиле, ки ба рақсу самоъ бархезӣ, Зи аҷзи панҷаи мутриб рубоб ханда занад. Магар гул аз арақи ҷабҳаи ту бӯ дорад, Ки дар табиати гулҳо гулоб ханда занад. Ба ҳарфи лаъли ту ҳар гаҳ ҷавоб бинвисам, Қалам ба гиря дарояд, китоб ханда занад. Надида Ҳоҷӣ зи фарёду нола имдоде, Ба ҷои дигар аз савоб ханда занад.