Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Он маҳ, ки ҷафо кард, куҷо кард? Ба мо кард.

Он маҳ, ки ҷафо кард, куҷо кард? Ба мо кард. Мақтули вафо кард, киро кард? Маро кард. Аз саъйи рақибон дили арбоби вафоро Ҳамвора сиё кард, ҷудо кард, чаро кард? Дилҳои гирифтори хам андар хами гесӯ Ҳар уқда, ки во кард, саво кард, раҳо кард. Бар хуни шаҳидон назад ар панҷа, валекин Ранги кафи по кард, ҳино кард, раво кард. Мурдему аз он турки хитоӣ нашунидем, К-ӯ тарки хато, салби ҷафо, майли вафо кард. Як бӯса, к-аз он гавҳари лаб мултамасам буд, Ин қазя қазо кард, адо кард, баҷо кард. Аз дуди дилам хома ба ҳангомаи таҳрир Авроқ сиё кард, садо кард, наво кард. Аз мо чи бадӣ дид, ки ҳангоми тақобул Рухсора қафо кард, ҳаё кард, ибо кард? Аз бахти сияҳ, толеи бад ҳеч нанолам, Чун қисмати мо кард, қазо кард, Худо кард. Сарноманигори қаламу дафтари ҳастӣ Чун навбати мо кард, чиҳо кард? Бало кард. Ҳар кас, ки ба ғафлат зи накӯёни замона Умеди вафо кард, хато кард, чаро кард? Ҳоҷӣ ба дили хаста шабон то ба дами субҳ, Сад гуна дуо кард, киро кард? Туро кард.