Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чун аст, он ситамвар бар ҳоли мо набинад,

Чун аст, он ситамвар бар ҳоли мо набинад, Ё аз тағофул аст ин, ё аз ҳаё набинад? Дар манзари рақибон мастона мехиромад, Дар интизори моён ҷуз пеши по набинад. Аз дарди мо напурсид он моҳ гоҳ-гоҳе, Донам ризои моро ҳаргиз ризо набинад. Аз рӯйи нотавонон мардум чи дар малоланд, Бо марҳабо нигоҳе кас бар гадо набинад. Дар қатли мустамандон ханҷар ба кор н-ояд, Ғайр аз нигоҳи тезе тири қазо набинад. Ному вафо ҳаром аст бар ошиқе, ки ҳар дам Дар ҷилвагоҳи дилбар худро фидо набинад. Ҷамъияти муҳибон мавқуфи ошу нон аст, Гар ошу нон набошад, кас ошно набинад. Бар даргаҳи ту, Ҳоҷӣ, чун илтиҷо наёрад, Дигар ба ғайри ин ҷо ӯ мултаҷо набинад.