Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Он парипайкар чаро аз суҳбати мо мерамад?

Он парипайкар чаро аз суҳбати мо мерамад? Ин қадар з-афсуну ваҳшат бе сару по мерамад? Аз ҳаёи орази гулгуни он мастонагард Дар дили мино чу соғар мавҷи саҳбо мерамад. Он қадар ваҳшат дар ин кулфатсаро гул кардааст, К-аз хаёлаш дар адам тасвири анқо мерамад. Рабти ҳастӣ як мижа фурсат надорад имтидод, Аз шарар то рӯшноӣ гашт пайдо, мерамад. Субҳи содиқ ҳамдами хамёзаи шом аст бас, З-ин дами кулфатбақо шахси таманно мерамад. Бо бузургон саҳл набвад шеваи тарки адаб, Сомирӣ з-ин хислат аз Ҳоруни Мӯсо мерамад. Некро бад мешуморад мардуми беимтиёз, Аблаҳи шайтонпараст аз марди доно мерамад. Айб набвад, гар насозад Ҳоҷӣ бо кас ихтилот, Дида аз танҳо алам з-он рӯзи танҳо мерамад.