Кист аз дидани ту дида мунаввар нашавад
Кист аз дидани ту дида мунаввар нашавад
В-он гаҳ аз тоби рухат сина пурозар нашавад?
Тоқатам тоқу ба ғам шуҳраи офоқ шудам,
Ин ҳама дард чаро пеши ту бовар нашавад?
Ба такаллуф натавон мартабаро кард баланд,
Гули зарди саҳарӣ ғунчаи ахтар нашавад.
Тинати зишт зи озори ҷаҳон мустағнист,
Зи нафас санги сияҳ ҳеч мукаддар нашавад.
Хислати бад самари решаи нопок бувад,
Модарак ғар набувад, духтари ӯ ғар нашавад.
Чашми эҳсон зи ҳама мардуми даврон бастам,
Хушам аз меҳри касе, кинакашам гар нашавад.
Коргоҳе, ки дар ӯ қадри касон мебофанд,
Ҷомаи ҳеч яке бар қади дигар нашавад.
Ҳоҷӣ, мо худ натавон Каъбаи мақсуд расем,
То ки лутфи азалӣ қоиду раҳбар нашавад.