Агар он шӯхи бепарво қадаҳ бо рӯйи даст ояд,
Агар он шӯхи бепарво қадаҳ бо рӯйи даст ояд,
Ба ҷоми тавбаву тақво зи мастиҳо шикаст ояд.
Баҳорон баҳри истиқбол ҳангоми тамошояш
Гирифта набзи сад гулзор, чун товуси маст ояд.
Ду олам аз сувайдои хаёлам маҳв мегардад,
Агар ҳар гаҳ ба ёд он сурати маънипараст ояд.
Зи тири оҳи ман дорад дили гардун хатарнокӣ,
Шикаст андар камон афтад, аз он тире ба шаст ояд.
Зи ранги зарди мо аз дил шикастан эҳтиёте кун,
Ки дар моҳи сафар ҳар чи шикаст орад, шикаст ояд.
Бинои зиндагонӣ сарфаи нопойдорӣ шуд,
Бувад ин хосият дар тинати ҳар нест ҳаст орад.
Набошад ҷуз таваккул машраби шоистаи Ҳоҷӣ,
Чу саҳми неку бад аз қабзаи шасти аласт ояд.