Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Субҳро вақти ҷавонӣ гашт мӯйи сар сафед,

Субҳро вақти ҷавонӣ гашт мӯйи сар сафед, Ваҳшати ин бум кард ин чуғдро пайкар сафед. Як қалам гар аз баёни ҳоли дил имло кунам, Нуқтаи холӣ намонад аз ҳама дафтар сафед. Гармии дилро либоси шуҳрати осор нест, Барфро аз шиддати сармо бувад чодар сафед. Оламе аз дарднокиҳои дунё пир шуд, Як сари мӯе нашуд охир аз ин дилбар сафед. Ҷуз баёзи гарданаш ҳарфам дигар мазмун надошт, Чун гуҳар назмам намояд дар раги мистар сафед. Нахли ҳастӣ дар баҳори навҷавонӣ тоза буд, Вақти пирӣ реша боло гашт, то шуд сар сафед. Шоми зулматро чи сон пурнур дорад моҳтоб, Худ магар ин шир шуд дар синаи духтар сафед. Мезудояд занги дилро суҳбати равшандилон, Мешавад хокистари ангишт аз озар сафед. Эътибори чарх, Ҳоҷӣ, дар либоси мотам аст, Кас надорад ёд асло рахти ин чанбар сафед.