Он қадар дил ба шаби ҳаҷри ту табҳо мекард,
Он қадар дил ба шаби ҳаҷри ту табҳо мекард,
Ки нафас шуъла ба гардуни Масеҳо мекард.
Мешудам маҳрами хилваткадаи маҳфили роз,
Агарам дил ба ғами ишқ шикебо мекард.
Ба камоле нарасидан гунаҳи бекорист,
Фалаке дошт замин, гардише пайдо мекард.
Гар фалак як даме бо кори ҷаҳон мегардид,
Шаш ҷиҳатро маҳали байзаи анқо мекард.
Қайси Маҷнун хабари ҳусни туро медонист,
Бадар аз хонаи дил турраи Лайло мекард.
Кавкаби толеи моро шарафи хокӣ дод,
Ба даме дасти қазо гунбади хазро мекард.
Ҷуз шаҳодат сифате ҳосили ушшоқ набуд,
Теғи абрӯи ту гар андаке имо мекард.
Лолаи доғи саҳар тозаву тар мехезад,
Аз нами дидаи шаб сина мудово мекард.
Ҳоҷиро дӣ ба дари хонаи риндон дидам,
Хирқаро дар гарави ҷуръаи саҳбо мекард.