Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Боз ёди он парирӯ хотирам ранҷур кард,

Боз ёди он парирӯ хотирам ранҷур кард, Бар сари дил буд захме, таҳ ба таҳ носур кард. Ҳар қадар кардам талоши васл, аммо рӯзгор Луъбате ангехт аз роҳаш, ғуборам дур кард. Бе ҷафои сабр натвон бар сари роҳат расид, Бодаро дар хуни худ хуфтан майи пурзӯр кард. Бигзар аз бесарфагӯиҳо, ки дар базми висол, Гӯшмоле хӯрд конун, нола бе дастур кард. Раҳмати вофир насиби он ҷавонмардонае, Хотири кулфатқаринеро зи ғам масрур кард. Аз баёзи гардани ӯ дар шабистони висол Панҷаи моро гуноҳи безарӣ маъзур кард. Ҳастие мавҳум набвад ғайри гулзори хаёл, Нақшаҳоро маҳв гаштан ҷилваи манзур кард. Бо карам, гар метавонӣ, соз, к-ин ҷо фурсат аст, В-арна натвон баъд аз ин дасте баланд аз гӯр кард. Бе гули рухсори ӯ Ҳоҷӣ саранҷоми баҳор, Лоларо дар хун кашиду ғунчаро мастур кард.