Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Маҳтоби рухат пардакушо шуд, чи баҷо шуд,

Маҳтоби рухат пардакушо шуд, чи баҷо шуд, Чун кавкаби толеъ бари мо шуд, чи баҷо шуд. Дар пардаи кӯрӣ нигаҳи мардумакам буд, Ҳангоми тамошои ту во шуд, чи баҷо шуд. Бошад ҳама кас толиби дидори ту, лекин Алтофи ту бо аҳли дуо шуд, чи баҷо шуд. Гар панҷаи ман бо сари зулфат нарасида, Бо мӯй миёни ту расо шуд, чи баҷо шуд. Селоби сиришкам ба сари кӯйи ту ҳар шаб Тӯфони фано бар сари мо шуд, чи баҷо шуд. Доғе, ки ба дил донаи холи ту ниҳон кард, Бар турбати ман лоланамо шуд, чи баҷо шуд. Шуд умри гиромӣ ба сару қомати якто, Дар роҳи висоли ту дуто шуд, чи баҷо шуд. Ҳоҷӣ, ки ба дил дошт туро фикри ғуломӣ, Муҳтоҷи шумо буд, туро шуд, чи баҷо шуд.