Ҳар ҷо, ки шарҳи хотири моро навиштаанд,
Ҳар ҷо, ки шарҳи хотири моро навиштаанд,
Дуди диле ба дафтари савдо навиштаанд.
Ҳоҷат ба нола нест дигар, булбулон ба боғ
Афғони мо ба рутбаи аъло навиштаанд.
Нақши ҳасири паҳлуи афтодагони фақр
Беҳтар зи фарши атласи дунё навиштаанд.
Ҳар шаб зи оҳи синаи пурдарду доғи мо
Бар осмон ҳазор алифбо навиштаанд.
Ин ҷо завол пояи арзи камол дошт,
Ин муддао ба шоҳиди байзо навиштаанд.
Бар нусхаи баҳор хатти насх кардан аст,
Тори раге ба сафҳаи гулҳо навиштаанд.
Ҳарфи тамоми нусхаи айём, алғараз,
Дебочае ба дафтари ғамҳо навиштаанд.
Ҳоҷӣ, зи саъйи дилхушӣ андар маломатам,
З-ин раҳ ҳазор обила дар по навиштаанд.