Ба ҷилва о, санамо, ки баҳор мегузарад,
Ба ҷилва о, санамо, ки баҳор мегузарад,
Бунафша мераваду лолазор мегузарад.
Ба ғайри нуқраи дил нест, то нисор кунам,
Дар он раҳе, ки шаҳсавор мегузарад.
Зи меҳри рӯйи ту, эй офтоби бемеҳрам,
Сиришки дидаи тар аз канор мегузарад.
Хушо даме, ки биёӣ, ҳоли дил пурсӣ,
Ки, эй фитода ба хун, ҳоли зор мегузарад.
Агар турост чунин шеваи ситамгорӣ,
Асири куштаи ту аз шумор мегузарад.
Вафои ҳусн надидем, ҳар қадар гуфтем,
Мабош ғарра, ки ин эътибор мегузарад.
Зи сарви қомати хубон дареғҳо дорам,
Чу моҳи нав зи ғами рӯзгор мегузарад.
Биё, ки бе ту дар ин роҳ муддате Ҳоҷӣ,
Ду дида чор, ба сад интизор мегузарад.