Ишқам ба ту иштибоҳ бошад,
Ишқам ба ту иштибоҳ бошад,
Селоби рухам гувоҳ бошад.
Мурдему ба дил раҳе набурдем,
Ин роҳ чи гуна роҳ бошад?
Кавкаб нанамояд ошноӣ,
Чун бахти касе сиёҳ бошад.
Ҳаргиз накунӣ ба кас мурувват,
Ин шева магар гуноҳ бошад?
Офат ба камини эътиборат
Чун доғи хусуфи моҳ бошад.
Он дил, ки ба ишқ мубтало нест,
Зулматкадаи табоҳ бошад.
Ҷое ба ту арзи ҳол гӯям:
Он арсаи ҳашргоҳ бошад.
Дар кӯйи ту интизор мурдем,
Оё зи ту як нигоҳ бошад?
Ҳоҷӣ ба ҳама табоҳкорӣ,
Бо лутфи ту узрхоҳ бошад.