Намедонам кадомин соат он дилдор меояд,
Намедонам кадомин соат он дилдор меояд,
Ки ҷони хаста ҳар дам бар лабам сад бор меояд.
Ҳазар, эй муҳтасиб, аз оҳи оташбори муштоқон,
Чӣ оташ бар хасу хошок бе зинҳор меояд.
Зи тангӣ гӯшаи дил ҳам надорад ҷойи ороме,
Нафас бо сад тапиш мегардаду ночор меояд.
Хушат бод, эй таманно, он бути паймоншикан имшаб
Кулаҳ бишкаста, баҳри рухсати дидор меояд.
Баҳори офият дар боғи имкон нест нопайдо,
Ҳаводис дорад ошӯбе, ки бетакрор меояд.
Барои ганҷи дунё дасту пойи орзу бишкан,
Ки ангушти тамаъ ин ҷо ба коми мор меояд.
Чи ҳикмат дар мизоҷи фитрати олист одамро,
Ки шаҳбозест қудсӣ, дар пайи мурдор меояд.
Надорад кори некон холӣ аз ихлос таъсире,
Вагарна дузд чун Мансур зери дор меояд.
Зи парвози нафас ҳам роҳате пайдо намебинам,
Ки бо сад тобу таб аз қолаби афкор меояд.
Тавозуъ аз бадон, Ҳоҷӣ, набошад баҳри имдоде,
Ки ақраб бо каҷиҳо дар пайи озор меояд.