То руқуми имконе хомаи азал во кард,
То руқуми имконе хомаи азал во кард,
Нақшаи ғуборе рехт, оламаш мусаммо кард.
Ибрате айён ҷӯшид, навбаҳор иншо шуд,
Ранги орзу хун гашт, лолазор пайдо кард,
Хаймаи вуҷуд ин ҷо пур зи дардмандиҳост,
Обила дамад аз по, ҳар кӣ сайри саҳро кард.
Маънии адаб пурсӣ, ҷониби гулистон бин,
Ҳар гуле ба сар овард, назри он кафи по кард.
Соғари таманное пур нагашта, вожун аст,
Иштиҳори ин маънӣ косаҳои дарё кард.
Шаш ҷиҳат адамзор аст, як назар тааммул ку,
К-ин савод имконе ҷилваҳои анқо кард.
То куҷо зи бекорӣ бар сари ҳаво гардӣ,
Эй ғубори аҷз, охир хотират чи савдо кард.
Дар баҳори ин гулшан набвад як дили ҷамъе,
Ғунча нусхае овард, боди субҳаш аҷзо кард.
То расид ба мижгонаш, мардумак сияҳ пӯшид,
Сурма ҳам аз ин матлаб ихтиёри савдо кард.
Манзили хароб аст ин, Ҳоҷӣ, дил аз ӯ бардор,
Хештан бар ӯ афканд ҳар кӣ рӯ ба дунё кард.