Рӯят зи шукуфта хуррам омад,
Рӯят зи шукуфта хуррам омад,
Зулфат чу каманди пурхам омад.
Овозаи чашми рӯҳбахшат
Чун сурати тифли Марям омад.
Ҳалвои лабат, ки нӯши ҷон аст,
Бе шарбати ӯ шакар сам омад.
Дар маҷмаи ҷамъи хушнамоён
Монанди ту хушнамо кам омад.
Ножу, ки ба боғ қад кашида,
Дар пеши қадат каҷу хам омад.
Аз рашки лаби ту лаъл дар кон
Хун гашт, ба рӯйи олам омад.
Чашмам, ки зи хок барнахезад,
Чашмат чу ба хоби чашмам омад.
Ошуфта зи турраи ту сунбул,
Анбар зи хатат муттаҳам омад.
Он дам чи дамест, он замон кай,
Гӯянд, ки ёри ҳамдам омад.
Ҳоҷӣ, ба тавофи мақдамаш хез,
Чун мавсими хайра мақдам омад.