Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

То он бути танноз ба ман дар сухан омад,

То он бути танноз ба ман дар сухан омад, Сад бор равон аз тану ҷон аз бадан омад. Мо маҳви хаёли санами ҳурмисолем, К-Озар зи рухаш бутшикану бутфикан омад. Гуфтораи ман лаззати шакаршиканӣ кард, Мазмун бар он пистаи шакаршикан омад. Аз ҷинси кудурат чи қадар буд дар ин ҷо, Дар кулбаи ман боиси пинҳон шудан омад. Эй маҳви тамошо, чи қадар ҳарзанигоҳӣ, Як мижа тааммул, ки видои ватан омад. Аз дил натавон решаи умед буридан, Ин реша дар ин боғ аҷаб шахрасан омад. Бар орази гармаш арақи шарм кабоб аст, Шабнам натавон бар рухи худ бар шудан омад. Аз хоби парешон ба чи таъбир тавон кард, Дунё магараш гуфт: ҳамин мумтаҳан омад. Ҳоҷӣ, натавон тарки ману мои худӣ кард, Парвози шарар то шикани санги ман омад.