Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Медиҳад сози дамиданҳои субҳам ин навид;

Медиҳад сози дамиданҳои субҳам ин навид; Ҳосили ин базм мазмунест натвонаш шунид. Ҳамчу пире ҳам ҷавоне сарфадори мурдан аст, Мева барҳам мехурад гоҳе расад, гаҳ норасид. Аз тараддуд пур нахоҳӣ кард коми нафсро, К-ин ҷаҳаннамро ҷавонӣ нест ҷуз ҳал ми мазид. Боли парвозат набошад чун шарар ҳамҷилвае, Ҳамчу кирмон то ба кай бо гирди худ хоҳӣ танид. То бузургон бо фароғат бар сарири иззатанд, Ҳеч кас бар маснади эъзоз натвон орамид. Худнамоёнро каҷиҳо рӯзгори ишрат аст, Қартаи маҳро ҳилоле мешавад асбоби ид. Гунбади афлокро то шӯхии рафтор ҳаст, Ранҷ дорад ошкору айш бошад нопадид. Шайхи дунёро ба каф ҷуз донаи безанг нест, В-арна мардумро чаро бо хӯйи бад созад мурид. Ғайр аз ин умеди Ҳоҷӣ нест моро хислате, Бандаи худ гуфт, хоҳад кард номамро сайид.