Рӯят ба гулу баҳор монад,
Рӯят ба гулу баҳор монад,
Зулфат ба хати ғубор монад.
Бахти баду толеи сиёҳам
Бо кокули мушкбор монад.
Бе рӯйи ту донаҳои ашкам
Ҳар шаб ба рухам қатор монад.
Мурдем ба ёди хушдилиҳо,
Дигар ба чи ихтиёр монад.
Гуфтам, ки кашам ба ханда гуфтор,
Ғамро ба куҷо қарор монад.
Гуфтам бинамой чеҳраам, гуфт,
Маҳ нест туро дучор монад.
Доғи дили бисмилам, илоҳӣ,
Бар синаи рӯзгор монад.
Ҳар ҷинс ба дида муддаое,
Манро чи дар интизор монад.
Коре зи ту, Ҳоҷӣ, дар замона,
Н-омад, ки ба ёдгор монад.