Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Осмон шаборӯзӣ бебадал карам дорад,

Осмон шаборӯзӣ бебадал карам дорад, К-аз нуҷуму меҳру маҳ киса пурдирам дорад. Барг-барги ин гулшан нақши ибратэҷод аст, Ранг ҳам чу бӯ ин ҷо ҷилваи адам дорад. Дил ба ину он додан кори бутпарастон аст, Ойинатамошоӣ пеши рӯ санам дорад. З-ин саводи ваҳшатхез чашмам аз нигоҳи худ Ҳамчу дидаи оҳу аз паланг рам дорад. Машраби тунукзарфӣ интизори фурсат нест, Пардаи ҳубобиро як нафас адам дорад. Гирудорандешӣ ғафлату зиёнкорист, Оқибат хиҷил гардад, ҳар касе ҳашам дорад. Дарду ғам кашиданҳо аз куҷост, агар фаҳмӣ, Аз балои неш афъӣ бар сараш ситам дорад. Қомати дами пирӣ мекунад видои умр, Ҳар гаҳе ба салх ояд моҳтоб хам дорад. Дар баҳори ин гулшан ҳар касе тамошоист, Ҳамчу гул дили пурхун, дида пур зи нам дорад. Ҳоҷӣ, мардуми чашмам зарраҳои наъли ӯ Ҳамчу сурмаи ҷавҳар муфту муғтанам дорад.