Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Турки Хитойи навхате ҷилваи дилбарона кард,

Турки Хитойи навхате ҷилваи дилбарона кард, Дил зи барам гирифту рафт, боз ба ман равона кард. Субҳидамона омад ӯ бо рухи ҳамчу офтоб, Шоми касон сабоҳ кард, субҳи маро шабона кард. Шом ба бом бар шуду ваъда ба бомдод дод, Чун дами бомдод шуд, ваъдаи шомиёна кард. Гуфт: ба пойи дор рав, бар сари дор дорамат, Қолаби бемадор дид, рафту дигар баҳона кард. Дид, ки зор гаштаам, аз ғами ӯ нишон намонд, Лавҳи мазорам аз ғазаб тир заду нишона кард. Ҷони ҳазорпораам боз ҳазор пора шуд, Уқдаи мушки бастаро боз ба хор шона кард. Арзаи ҳолпурсиям бар асари ҳавола рафт, Ҳилаи гуфтугӯи ман бар хати ғоибона кард. Ҳоҷӣ ба ҳаҷ расиду бурд бар дарат эҳтиёҷи худ, Ҳаҷ бигузошт, гашт аз он, рӯ ба ту, эй ягона кард.