Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?!

Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?! Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ. Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам, Зери пои бешуурон поймолам кардаӣ! Аз чӣ рӯ, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод! Қуръаи беэътибориҳо ба фолам кардаӣ?! Аз ту, эй Ноҳид, гуфторам навои тоза дошт, В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъқуб лолам кардаӣ. Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун, Аз чӣ дар рӯзи азал қисмат камолам кардаӣ?! Эй сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?! Нола месозам зи дастат, то чу нолам кардаӣ! Буд дар ойинаи ман акси сад маънӣ дучор, Занги ғам бар рӯи миръоти хаёлам кардаӣ! Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол, Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаӣ. Ҳамдамонам нокасони ғӯлу аз дониш тиҳӣ, Суҳбати донишварон амри муҳолам кардаӣ! Дар ҳавои мӯшикофӣ Туғралам пар мезанад, То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!