Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ,

Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ, Бигзарад пеши ту аз даъвии шаккаршиканӣ. Сунбули зулфи туро бод парешон созад, Бишканад анбари сороию мушки хутанӣ. Гарчи абрӯи ту шуд қиблаи ислом, вале Бути бутхонаи Чину санами аҳриманӣ. Сурхии бираи танбули лабатро дида, Хуни ҳасрат хӯрад аз рашк ақиқи яманӣ! Ҳеч дар боғи ҷаҳон гул набувад чун рӯят, Эй гули боғи латофат, зи кадомин чаманӣ?! Даҳанат вақти сухан гар гуҳарафшон гардад, Нархи хармуҳра шавад қимати дурри аданӣ! Ба ман омад зи қазо хатми тамомии сухан, Хатм шуд бо ту чунон даъвии симинзақанӣ. Ғунча дар боғ агар лаъли лабатро бинад, Назанад лоф ба пеши ту зи кӯчакдаҳанӣ! Гарчи нанг аст туро ошиқии Туғрали мо, Ба Худо шукр кунам, з-он ки ту маъшуқи манӣ!