Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ёди айёме, ки сӯйи мо хироме доштӣ,

Ёди айёме, ки сӯйи мо хироме доштӣ, Бо каф аз майхонаи алтоф ҷоме доштӣ! Аз баҳори оразат наззораам мечид гул, Чун нигаҳ дар хонаи чашмам мақоме доштӣ. Анҷуманорои базми мо ҳадиси васл буд, Ҳайфи гуфторе, ки з-он шаккар ба коме доштӣ! Аз тариқу шеваи аҳду вафо гаштӣ бурун, Бо мурувват байни хубон гарчи номе доштӣ. Муждаи пайғоми сад қосид буд анфоси Масеҳ, Аз лаби ҷонбахш моро гар паёме доштӣ. Хос буд мар омрову ом буд мар хосро, Аз навозишҳо, ки лутфи хосу оме доштӣ. Кулбаи мо, Туғрал, аз хуршед партав мезанад, Сӯи ин кошона гӯё сайри боме доштӣ.