Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони кистӣ?

Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони кистӣ? В-эй душмани имони ман, аз дӯстони кистӣ?! Тире зада бар ҷони ман мижгони новакафканат, Эй турки тирандози ман, абрӯкамони кистӣ?! Сарви қадат андар чаман бишкаст қадри норван, Эй аръари тӯбишикан, сарви равони кистӣ?! Ман тӯтиям шаккаршикан, Ҳиндустонам зулфи ту, Бо холи ҳиндуи лабат Ҳиндустони кистӣ?! Аз лаъл меорад бурун гавҳар Бадахшони лабат, Эй сад Бадахшон дар лабат, ту худ зи кони кистӣ?! Нолидам аз шаб то саҳар, бишнидӣ афғони маро, Як раҳ нагуфтӣ, эй санам, к-андар фиғони кистӣ?! Ҷони маро бе рӯи ту ором набвад дар бадан, Баҳри Худо, бо ман бигӯ, ороми ҷони кистӣ?! Дерест бо фикри расо сайди маонӣ мекунӣ, Эй Туғрали авҷи сухан, аз ошёни кистӣ?!