Дилбарамро ҳаст, гӯё, сайри саҳро орзу,
Дилбарамро ҳаст, гӯё, сайри саҳро орзу,
Лоларо бошад аз он доғи сувайдо орзу.
Ҳар замон мадди нигаҳро рухсати наззора кун,
Бошадат гар аз ҷамоли ӯ тамошо орзу.
Як сухан аз лаъли ҷонбахшаш туро кофӣ бувад,
Гар бувад дар дил туро эъҷози Исо орзу.
Ман гирифтори ваям, булбул асири гул бувад,
Ҳар киро бошад ба дил навъе таманно орзу.
То тавонӣ, гир аз майхонаи чашмаш қадаҳ,
Гар туро бошад хаёли ҷому мино орзу.
Гар азизи Мисрро маҳрам шуд, аммо кай бувад
Ҷуз ҳавои ишқи Юсуф бо Зулайхо орзу?!
Ҳалқаи занҷири ӯ аз ҳалқаи чашмам кунед,
Гар бувад ёри маро халхол дар по орзу.
Хондаам бисёр аз лавҳи китоби навхатон,
Туғрали морост акнун хатти туғро орзу.