Моҳи тамоми ман, ки манам мустаманди ту,
Моҳи тамоми ман, ки манам мустаманди ту,
Мурғи дилам фитода ба доми каманди ту.
Рафтори хеш кабки дарӣ тарк мекунад,
Бинад агар хироми қади дилписанди ту.
Дар мулки ҳусн хусрави фармонраво туӣ,
Дил нест дар ҷаҳон, ки набошад ба банди ту!
Эй қомати баланди ту сармашқи дилбарӣ,
Ҷонам фидои қомати болобаланди ту!
Нарди муфохарат зи фалак мебарад замин,
Зеро ки маҳрам аст ба наъли саманди ту.
Қурбони он шавам, ки туро офаридааст,
Дар ҳар куҷо бувад сухан аз чуну чанди ту.
Лабҳои ғунча во нашавад, гар равӣ ба боғ,
Аз шарми хандаи лаби ширин зи қанди ту.
Ёд аз ҳавои саҷдаи абрӯт мекунад
Туғрал, накарда ваҳм зи теғи паранди ту.