Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Бурд диламро зи раҳ зулфи сумансои ӯ,

Бурд диламро зи раҳ зулфи сумансои ӯ, Кард шаҳиди нигаҳ наргиси шаҳлои ӯ. Гашта ба ҳам тавъамон аз хати килки азал Дасти ману доманаш, фарқи ману пои ӯ. Кай бувад андар замин дархури ӯ маскане? Манзари чашмам бувад манзилу маъвои ӯ. Гардани сарви саҳӣ хам шуда аз инфиол Дида магар дар чаман қомати зебои ӯ?! Фарши хироми раҳаш чашми умедам бувад, То нарасад бар замин нақши кафи пои ӯ. Гарчи Масеҳо ба лаб зинда кунад мурдаро, Дар фанни эҳёгарӣ раҳ набарад ҷои ӯ. Ҳар кӣ ба рӯз оварад шоми фироқи туро, Гар на ба ҳолаш кунӣ раҳм, бувад вои ӯ! Мешиканад чун хазаф қимати дурри Адан Ҳамчу суханҳои ман лаъли шакархои ӯ. Бод туро офарин, Туғрали шоҳинватан, Кард тамом аз сухан васфи саропои ӯ.