Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Шӯхе, ки бигзарад зи дили мо синони ӯ,

Шӯхе, ки бигзарад зи дили мо синони ӯ, Бошад хаданги ҳодиса тири камони ӯ. Дар саҳни боғ ғунчаи нашкуфта з-инфиол Хун мехурад зи ҳасрати рашки даҳони ӯ. Васфи ҳадиси мӯи миёнаш чӣ сон кунам? Тарсам, зиён расад зи сухан дар миёни ӯ! Резад ба хок шарбати оби наботро Вақти сухан ҳаловати шаҳди баёни ӯ. Бодо ҳамеша, рӯзу шабу лаҳзаву замон, Чун мардумак ба хонаи чашмам макони ӯ! Аз ноз агарчи лаб накушояд, маро бувад Ҷузъи карашмаи нигаҳаш тарҷумони ӯ. Сити камоли Туғрали мо рафт дар ҷаҳон, Азбаски шуд ба нахли сухан ошёни ӯ.