Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Буте дорам, ки сад майхона бошад дар канори ӯ,

Буте дорам, ки сад майхона бошад дар канори ӯ, Бутонро фарз бошад саҷдаи тавфи мазори ӯ. Набошад боғи имконро гуле ҳамчун гули рӯяш, Агарчанде ки нашкуфта-ст як гул аз ҳазори ӯ. Гулӯи ташнаам мехоҳад обе аз дами теғаш, Хуш он соат, ки ҷон бошад шаҳиди интизори ӯ! Ба хубӣ гарчи набвад дар ҷаҳон монанди ӯ, лекин Тариқи зулму ойини ситам бошад шиори ӯ. Нисори хоки пояш туҳфае ҷон дар бағал дорам, Ба уммеде расад шояд, агар уммедвори ӯ! Гуле аз гулбуни васлаш тавон чидан аз он боғе, Ки бошад ошёни мурғи анқо дар чинори ӯ. Кунун чун кофарон дар ҳукми мансухуламал бошад, Сулуки доругири дилбарон аз гирудори ӯ. Набудӣ гар шарики дарси ғам бо меҳнати Маҷнун, Тавон будан кунун парвонаи шамъи мазори ӯ. Маро бошад равону рӯҳу ҷисму ҷону тан, Туғрал, Нисори ӯ, нисори ӯ, нисори ӯ, нисори ӯ!