Ба ёди хандаи он лаъли майгун
Ба ёди хандаи он лаъли майгун
Шудам чун ғунча дар ин боғ дилхун.
Саводи зулфи ӯ шуд сархати ман,
Бувад сармашқи ман ин бахти вожун.
Ниҳоли қоматаш мумтоз бошад
Ба боғи эътибор аз сарви мавзун.
Каш аз ранги ҳино дасти ҳавасро,
Ки аз хунам бувад пои ту гулгун!
Зи ҳиҷрони ту дарёи сиришкам
Талотум мекунад чун мавҷи Ҷайҳун.
Ба ҳам оғушта дар сурху сафедӣ
Рухаш монанди барфу қатраи хун.
Ба назди Кӯҳкан яксон намояд
Фарозу шеби кӯҳу дашту ҳомун.
Бувад ранги рухи Азро зи Вомиқ,
Тирози домани Лайлӣ зи Маҷнун.
Ба ёди наргису зулфи ту, Туғрал,
Шудам чун айни «коф»-у ҳалқаи «нун!»