Шӯхи шаҳрошӯби ман гар беҳиҷоб ояд бурун,
Шӯхи шаҳрошӯби ман гар беҳиҷоб ояд бурун,
Бо тамошои ҷамолаш офтоб ояд бурун.
Аз майи васлаш рақибон ҷумла яксар комёб,
Сӯи ошиқ он ҷафоҷӯ бо итоб ояд бурун.
Дар чаман бе рӯи ӯ бо гул чӣ сон созам нигаҳ?
Шабнами хиҷлат ба рӯям чун гулоб ояд бурун!
Он қадар бо ёди ӯ аз дида боридам гуҳар,
Мавҷи тӯфони сиришкамро ҳубоб ояд бурун.
Сӯхтам дар миҷмари ишқи ту, эй нозофарин,
Ҳар даме аз дил маро бӯи кабоб ояд бурун.
Бе ту умре ҳамчу най бо нола дорам улфате,
Барқи оҳам ҳар нафас ҳамчун шаҳоб ояд бурун.
Кист, Туғрал, уммати пайғамбари Хизри хаташ,
Эй хуш он пайғамбаре, к-ӯ бо китоб ояд бурун!