Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй гулъизори маҳваши андар ниқоб рух,
Эй гулъизори маҳваши андар ниқоб рух, Моро масӯз ҳар даму кун беҳиҷоб рух. Бетоби он ду кокули пуртоб гаштаам, Дигар матобам аз ғаму магзар ба тоб рух.
Раҳме набувад бар дилат, эй ёр, магар ҳеч,
Раҳме набувад бар дилат, эй ёр, магар ҳеч, Бар хастадилон нест туро майли назар ҳеч. Ҳарфе зи лаби лаъли ту ҳаргиз нашунидем, Берун начакад об зи дарёи гуҳар ҳе
Чун зулфи ёр хӯрдаам гиреҳу тоб-печ,
Чун зулфи ёр хӯрдаам гиреҳу тоб-печ, Дуди дилам чу нофа дамад мушки ноб печ. Тори амал чу риштаи тӯмори анкабут, Дар раҳрави хаёл чи қадр интихоб печ.
Ман ҳечу бадӣ ҳечу раво ҳечу ҷаҳон ҳеч,
Ман ҳечу бадӣ ҳечу раво ҳечу ҷаҳон ҳеч, Донам ба чи ҳечӣ шуда дар банд чунон ҳеч. Тоҳунаравиш сурфаи авқот надидам, Ҷуз домани пуробу кафи донафишон ҳеч.
Каманди зулфи ту гашта ба банди ҷон боис,
Каманди зулфи ту гашта ба банди ҷон боис, Хаёли рӯи туам шуд ба ин фиғон боис. Чи офате, ки тамошои шуҳратангезат Барои фитнаи олам бувад ҳамон боис.
Дорӣ зи чӣ, эй бехабари ҳарзафиғон, баҳс,
Дорӣ зи чӣ, эй бехабари ҳарзафиғон, баҳс, Бо софдилон аз нафаси тиранишон баҳс? Танг аст ба баён доираи гулшани имкон, Ҷуз сурати рафтан набувад ҳеч дар дар он
Ба зери тоқи нилӣ сурати мо то нишон баста-ст,
Ба зери тоқи нилӣ сурати мо то нишон баста-ст, Қабои таъзият бар қомати мо он замон баста-ст. Намедонам чи кардам андар ин вайрона, мебинам, Ба кинам марду зан
Биё, ки сабза дамида ба раҳ чаҳор ангушт,
Биё, ки сабза дамида ба раҳ чаҳор ангушт, Чаман зи ғунча бурун карда сад ҳазор ангушт. Чи гуна хотири мо бишкуфад, ки чун симтур Шикаста бар дили решам ҳазор хо
Фикр агар бошад расо, ҳар мӯ дар аъзо ибрат аст,
Фикр агар бошад расо, ҳар мӯ дар аъзо ибрат аст, Аз лаби оҷизбаёнӣ ин ману мо ибрат аст. Зери домони тағофул оламе хобидаанд, Кист чашме во кунад, бинад ки дунё
Кунам то кай тасаллӣ хотири ношод аз дастат,
Кунам то кай тасаллӣ хотири ношод аз дастат, Ки як нохун гиреҳ дар кори мо накшод аз дастат. Чу соғар бар танам ҳар мӯ хатти бишкастагӣ овард, Магар ин шиша бар
Бурдам бурун аз хештан шавқи баҳори диданат,
Бурдам бурун аз хештан шавқи баҳори диданат, Ёбам магар чун бӯи гул з-оворагиҳо гулшанат. Аз хоки мо сар бар занад ҷуз решаи афтодагӣ, К-ин дона паст афтодааст
Биё, ки фасли гулу вақти эътидол гузашт,
Биё, ки фасли гулу вақти эътидол гузашт, Замони майхӯриву мавсими висол гузашт. Савора бар сари бемори ғам яке бигзар, Бубин, ки бар мани бедил чи гуна ҳол гуза
Ғубори мо даме аз тапидан чаро нанишаст?
Ғубори мо даме аз тапидан чаро нанишаст? Ба домане нарасида ба зери по нанишаст? Ба таҳти синаи решам ҳазор носур аст, Фароҳамӣ чу надорад, бар ӯ даво нанишаст.
Саҳрои навбаҳорон бо ёди ёр хуб аст,
Саҳрои навбаҳорон бо ёди ёр хуб аст, Доғи диле набошад, кай лолазор хуб аст. Дар роҳи қадрдонӣ аздод то набошад, Гулро наметавон гуфт бе ранҷи хор хуб аст.
Ман шефтаи маҳи ҷабинат,
Ман шефтаи маҳи ҷабинат, Кулфаткаши тинати хашинат. Ҳусни санами Хутан, бути Чин, Як бенамак астӣ, ки каминат.
Будам дилаке, аз бари ман сӯйи ту рафта-ст,
Будам дилаке, аз бари ман сӯйи ту рафта-ст, Ин тоири ваҳшӣ ба чаро кӯйи ту рафта-ст. Бо дидаи равшан чу накоҳад ба замин хӯр, Оё хабаре бар фалак аз рӯйи ту раф
Чи хуш аст дилрабое, ки чу нури дида бигзашт,
Чи хуш аст дилрабое, ки чу нури дида бигзашт, Бари пурсиши ғарибон ба шаб орамида бигзашт. Дилу ҷону дин рабуда, рухи шармгин намуда, Гиреҳи ҷабин гушуда, ба ми
Шаш ҷиҳат гар бингарӣ, қонуни ибрат дар навост,
Шаш ҷиҳат гар бингарӣ, қонуни ибрат дар навост, Гӯш мебояд кунад фаҳме, ки ин ғулғул чарост. Зери домони тағофул ҷумла сар печидаем В-арна хоби ин ҳама ибраткаш
Чи сабаб, ки турки мастам бари мо надида бигзашт,
Чи сабаб, ки турки мастам бари мо надида бигзашт, Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт. Зи паёми ваъдаи ӯ, ки чу шаб биёяд, оям, Нағунудам он ки шаб ҳам ба
Эй ба зулфат сад дили вобаста андар иқдҳост,
Эй ба зулфат сад дили вобаста андар иқдҳост, Бас дар ин доми бало афтодаро махлас хатост. Чашми махмурат, ки паймони тағофул бастааст, Аз чунин бемеҳр чашме чаш
Ин чаманро, ҳар кӣ омад, як замон нодида рафт,
Ин чаманро, ҳар кӣ омад, як замон нодида рафт, Гул агар бишкуфт, аммо ғунчасон нодида рафт. Ваҳшати имкон на танҳо чашми мо пӯшида кард, Меваи ин боғро пиру ҷав
Лолаи рӯйи ту то дар арақ аст,
Лолаи рӯйи ту то дар арақ аст, Чун гули сурх дилам сад варақ аст. Ёди васлат наравад аз ёдам, То ки боқӣ зи равон як рамақ аст.
Аз оташи шавқат ҷигари хаста кабоб аст,
Аз оташи шавқат ҷигари хаста кабоб аст, Кошонаи чашмам чу қадаҳ дар таҳи об аст. Аз муждаи дидори ту мижгони сафедам Равшантар аз ойинаи хур зери саҳоб аст.
Дил чу ба ғам хӯ кунад, шодӣ зараргори ӯст,
Дил чу ба ғам хӯ кунад, шодӣ зараргори ӯст, Меҳру вафо парварад, дарду алам ёри ӯст. Захмӣ на танҳо манам аз асари он ду мор, Ҳар сӯ назар мекунам, захмиву бемо
Бар гирди рухат он хатти мушкин, ки дамида-ст,
Бар гирди рухат он хатти мушкин, ки дамида-ст, Морест, ки бар хирмани гул ҳалқа кашида-ст. Маро чи сабаб бар дари ту бор набошад, Бо баргу навое ҳама з-ин боб р