Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чун аст, он ситамвар бар ҳоли мо набинад,
Чун аст, он ситамвар бар ҳоли мо набинад, Ё аз тағофул аст ин, ё аз ҳаё набинад? Дар манзари рақибон мастона мехиромад, Дар интизори моён ҷуз пеши по набинад.
Он маҳ, ки ҷафо кард, куҷо кард? Ба мо кард.
Он маҳ, ки ҷафо кард, куҷо кард? Ба мо кард. Мақтули вафо кард, киро кард? Маро кард. Аз саъйи рақибон дили арбоби вафоро Ҳамвора сиё кард, ҷудо кард, чаро кард
Дар он даме, ки рухат бе ҳиҷоб ханда занад,
Дар он даме, ки рухат бе ҳиҷоб ханда занад, Зи шавқи хандаи ту офтоб ханда занад. Пиёла соқӣ ба каф гирад аз хаёли лабат, Суроҳӣ қаҳқаҳа созад, шароб ханда зана
Бедилӣ чун накунам, рӯҳ малоле дорад,
Бедилӣ чун накунам, рӯҳ малоле дорад, Мояи сабр каму шавқи камоле дорад. Дил дар он турраи шабранг аз он гашт асир, Ки дар он дом сияҳдонаи холе дорад.
Агар он турк майли мо надорад,
Агар он турк майли мо надорад, Хатоӣ бар хато парво надорад. Чу Маҷнун то саҳар дар кӯи ӯям, Назар бар ҳолам он Лайло надорад.
То чашми тарам бар рухи зебо-ш назар кард,
То чашми тарам бар рухи зебо-ш назар кард, Аз оташи дил шуъла ба фонуси қамар кард. Девона шавад, бар сари иқбол наёяд, Дар кӯйи ту ҳар кас, ки ба як бор гузар
Ба ҷаҳон чи бастаӣ дил, магар ин фано надорад?
Ба ҷаҳон чи бастаӣ дил, магар ин фано надорад? Ҳама гулшани сипеҳр аст, гуле аз вафо надорад. Ба фусуни саркашиҳо ҳаваси баланд то чанд, Ки ба ғайри бӯрёе раҳе
То бинои гунбади имкон ҳувайдо кардаанд,
То бинои гунбади имкон ҳувайдо кардаанд, Ҷинси кулфат ҷамъ оварданду дунё кардаанд. Фарқсозон ҷумла аз асли ҳақиқат ғофиланд, В-арна Амру Зайдро дар хулқ ҳамто
Ба ҳар ҷо кулфату ғам офариданд,
Ба ҳар ҷо кулфату ғам офариданд, Насиби ҷони одам офариданд. Баҳор аз хоки мо файзе бибардор, Ки ин турбат мукаррам офариданд.
Хонасияҳ мардуми ҷоду-т кард,
Хонасияҳ мардуми ҷоду-т кард, Рӯзи маро шаб чу шаби мӯ-т кард. Шуҳрату овозаи мардафканӣ Захми хаданги хами абрӯ-т кард.
Хаёли оразат ҳар гаҳ ба миръоти замир афтад,
Хаёли оразат ҳар гаҳ ба миръоти замир афтад, Зи акси дилбарони боғи Ризвон дилпазир афтад. Маёло ҳарфи ширин бо паёми талху дашномам, Ситам бошад маю афюн, ба я
Ҷастани мо бе фитодан нест чун рақси сипанд,
Ҷастани мо бе фитодан нест чун рақси сипанд, Оҷизонро ғайр аз ин рафтор бошад нописанд. Қасри ҳастӣ з-омаду рафти нафас барбод шуд. Ҷунбиши ин бод шуд бар қалъа
Зи шӯхӣ қомати он турки беодоб меларзад,
Зи шӯхӣ қомати он турки беодоб меларзад, Дили ваҳшаткашам чун лӯлаи симоб меларзад. Муқобил гар шавад ҳар кас бар абрӯи ғазабнокаш, Агар Рустам бувад, чун ханҷа
Навид, эй дил, ки баҳри пурсишат он шаҳсавор омад,
Навид, эй дил, ки баҳри пурсишат он шаҳсавор омад, Ба пояш ҷонфишонӣ кун, ки ҳангоми нисор омад. Аз он рухсори оташнок мебояд ҳазар кардан, Барои бастани дилҳо
Сад ҷаҳон шӯридагӣ андар сари мо рехтанд,
Сад ҷаҳон шӯридагӣ андар сари мо рехтанд, То аз он кокул нишон бар лавҳи дебо рехтанд. Фитнаҳо барпову ошӯби қиёмат растахез Аз нигоҳи шӯрангези ту ҳар ҷо рехта
То зи тоби оразат бар пушти лаб табхола шуд,
То зи тоби оразат бар пушти лаб табхола шуд, Маҳ зи бими об гаштан дар муҳити ҳола шуд. Дил ба рағбат кай дар он зулфи мусалсал бастаам, Ғамзаи мардумфиребат да
Ба оламе, ки дар ӯ офтоб мебофанд,
Ба оламе, ки дар ӯ офтоб мебофанд, Қумоши нур чу зулмат ҳиҷоб мебофанд. Дар ин баҳор, ки турки хазон камингир аст, Зи ҷайби ғунча даридан ниқоб мебофанд.
Агар бар гарданат дастам расо мешуд, чиҳо мешуд?
Агар бар гарданат дастам расо мешуд, чиҳо мешуд? Гиребонат бари оғӯш во мешуд, чиҳо мешуд? Ҳама шаб суҳбати ағёр дидӣ, як даме бо мо Агар будӣ, дили мо ҳам ризо
Доғи ғуломӣ аз рухи инсон чӣ сон равад,
Доғи ғуломӣ аз рухи инсон чӣ сон равад, Гар Аҳмад асту рутбааш бар ломакон равад? Аз меҳри кӣ ба мазраъи дил оташ уфтод, Ҳар шаб шарори хирманаш то Каҳкашон рав
Чун кафи пои туро аз сафҳаи гул бастаанд,
Чун кафи пои туро аз сафҳаи гул бастаанд, Гирдбоди анҷуман аз чашми булбул бастаанд. То нагардад аз нигоҳат хайли муштоқон ҳалок, Шеваи чашми сиёҳат аз тағофул
Дай шуд ниҳону мавсими фасли баҳор шуд,
Дай шуд ниҳону мавсими фасли баҳор шуд, Омад замони бахшишу раҳматнисор шуд. Андар мизоҷи номия рӯҳи қавӣ дамид, З-оғӯши хок тавсани ҳастӣ савор шуд.
Кай панҷаат зи бастани ранги ҳиност сурх,
Кай панҷаат зи бастани ранги ҳиност сурх, Аз хуни теғи бисмили аҳли вафост сурх. Дар маҳфиле, ки чеҳраи гулнор барфурӯхт, Андар пиёла духтари раз аз ҳаёст сурх.
Эй гулъизори маҳваши андар ниқоб рух,
Эй гулъизори маҳваши андар ниқоб рух, Моро масӯз ҳар даму кун беҳиҷоб рух. Бетоби он ду кокули пуртоб гаштаам, Дигар матобам аз ғаму магзар ба тоб рух.
Раҳме набувад бар дилат, эй ёр, магар ҳеч,
Раҳме набувад бар дилат, эй ёр, магар ҳеч, Бар хастадилон нест туро майли назар ҳеч. Ҳарфе зи лаби лаъли ту ҳаргиз нашунидем, Берун начакад об зи дарёи гуҳар ҳе
Чун зулфи ёр хӯрдаам гиреҳу тоб-печ,
Чун зулфи ёр хӯрдаам гиреҳу тоб-печ, Дуди дилам чу нофа дамад мушки ноб печ. Тори амал чу риштаи тӯмори анкабут, Дар раҳрави хаёл чи қадр интихоб печ.